Ҳамкориҳои минтақаӣ меҳвари дидори вузарои хориҷаи Узбекистон, Ҳинд ва Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i102032-Ҳамкориҳои_минтақаӣ_меҳвари_дидори_вузарои_хориҷаи_Узбекистон_Ҳинд_ва_Покистон
Вузарои умӯри хориҷаи Узбекистон, Ҳинду Покистон дар дидоре таҳкими равобити иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои фаъоли минтақаиро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Май 10, 2023 09:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои минтақаӣ меҳвари дидори вузарои хориҷаи Узбекистон, Ҳинд ва Покистон

Вузарои умӯри хориҷаи Узбекистон, Ҳинду Покистон дар дидоре таҳкими равобити иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои фаъоли минтақаиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бахтиёр Саидов, вазири умӯри хориҷаи Узбекистон, Субраманиам Ҷайшанкар, вазири умӯри хориҷаи Ҳинд дар дидоре дар шаҳри Гоаи Ҳинд таҳкими равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаиро баррасӣ карданд.

Вазири умӯри хориҷа аз Покистон дар канали Телеграми худ навишт: Мо бо вазири умӯри хориҷаи Ҳинд дидор кардем. Равобити дар ҳоли тавсеаи Узбекистону Ҳиндро ҷамъбандӣ ва абъодеро барои густариши ҳамкориҳои ояндаи худ таъйин ва барои таҳкими равобити иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаӣ таваҷҷуҳи хос доштем.

Ба гуфта вай, дар шаҳри Гоаи Ҳинд бо Билавал Бҳутто Зардорӣ, вазири умӯри хориҷаи Покистон дидор ва дар мавриди потансиали бузурги ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо гуфтугӯ кардем.