Май 19, 2023 20:16 Asia/Dushanbe
  • Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон
    Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Шиани Чин дидор ва бар густариши ҳамкориҳои дуҷонибаву минтақаӣ таъкид карданд.

Ба гузориши «Форс», Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Шиани Чин дидор ва масоили рӯзи густариши беш аз пеши ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва таъмиқи равобити шарокати роҳбурдӣ ва ҳампаймонии ду кишварро баррасӣ карданд.

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон бар аҳамияти иҷрои амалии тасмимоти гирифташуда барои афзоиши ҳаҷми мубодилоти бозаргонӣ ва пешбурди пружаҳои таовунии санъатӣ, аз ҷумла дар саноеъи энержӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақлу иртиботот ва соири саноеъ таъкид шуд.

Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ҳамкорони бозаргонии Узбакистон мебошад. Мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар 11 моҳи соли 2022 мелодӣ дар сатҳи беш 503 миллион доллар қарор гирифтааст.

Ҳамакнун дар Узбакистон 24 воҳид ширкат, аз ҷумла як ширкат бо сад дарсади сармояи сармоягузорони Тоҷикистон ва дар Тоҷикистон низ 9 ширкат бо сармояи сармоягузорони Узбакистон фаъолият мекунанд.

 

Барчасп