Толибон: Мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар бо Эрон ҳастем
(last modified Sun, 21 May 2023 13:54:01 GMT )
Май 21, 2023 18:54 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар бо Эрон ҳастем

Вазорати дифои Толибони Афғонистон дар баёнияе эълом кард, ҳукумати Афғонистон ҳамвора хоҳони равобити дӯстона бо Ҷумҳурии исломии Эрон буда ва мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар дар заминаҳои мухталиф аст.

Ба дунболи пайгириҳои ахири мақомоти аршади Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусӯси ҳаққобаи рӯдхонаи Ҳирманд, сайти расмии вазорати дифои ҳукумати Толибони Афғонистон аз мулоқоти Молихон Сиддиқ, муовини Ситоди артиши ҳукумати Толибон бо Баҳроми Ҳусайнии Мутлақ, муовини Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул хабар дод.

Дар гузориши расмии вазорати дифои ҳукумати Толибон омадааст: Молихон Сиддиқ зимн хушомадгӯӣ ба ҳайати эронӣ, ба ҳамкориҳо ва равобити ҳусни ду кишвари ҳамсоя ишора карда ва гуфт, ҳукумати Афғонистон ҳамвора хоҳони равобити нек бо Ҷумҳурии исломии Эрон буда ва мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар дар заминаҳои мухталиф мебошад.