Намояндаи демакат: Даргирии бо Эрон нишо Амрико тавони ҷанг надорад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i125526-Намояндаи_демакат_Даргирии_бо_Эрон_нишо_Амрико_тавони_ҷанг_надорад
Порс Тудей- узви демакрати маҷлиси намояндагони Амрико гуфт: Ҷанг зидди Эрон нишон дод, ки Амрико нетавони ҷангидан дорад ва неметавонад аз муттаҳидон ва пойгоҳҳои худ дифоъ кунад.
(last modified 2026-08-31T08:32:01+00:00 )
Август 31, 2026 13:29 Asia/Dushanbe
  • Тед Лю узви демакрати маҷлиси намояндагони Амрико
    Тед Лю узви демакрати маҷлиси намояндагони Амрико

Порс Тудей- узви демакрати маҷлиси намояндагони Амрико гуфт: Ҷанг зидди Эрон нишон дод, ки Амрико нетавони ҷангидан дорад ва неметавонад аз муттаҳидон ва пойгоҳҳои худ дифоъ кунад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Тед Лю узви демакрати маҷлиси намояндагони Амрико дар шабакаи иҷтимохӣ "X" навишт: Мо ба як роҳбурди дифоъи ҷадид ниёз дорем ҷанги Эрон нишон дод, ки Амрико наметавонад ҷангро таҳамул кунад ва аз пойгоҳҳо ё муттаҳидони худ дифоъ кунад.

Ин намояндаи иёлати Калифорниё афзуд: Ин нақзҳо ноши аз солҳо анҷоми корҳои иштибоҳ то кунун аст вазъияти неруҳо бояд тағир кунад.

Паёми Тед Лю пас аз он нашр шуд, ки рӯзномаи "Вашингтон Пост" рӯзи якшанбе хабар дод, ки раҳбарони низомии Амрико ба вазири ҷанг Пит Ҳегсетт дар бораи густариши амалиёти низомӣ алайҳи Эрон ҳушдор додаанд.

Ба гуфтаи рӯзнома, раҳбарони низомии Амрико, аз ҷумла роҳбарони нерӯҳои ҳавоӣ, баҳрӣ ва артиш, дар гузориши 14 август ба Ҳегсетт ҳушдор додаанд, ки идомаи амалиётҳои васеъмиқёс алайҳи Эрон ғайриимкон аст.

Онҳо инчунин гуфтанд, ки идомаи ин амалиёт хатари коҳиш додани қобилияти Амрико барои муқобила бо таҳдидҳо дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла дар дохили Амрико дорад.