Июл 30, 2016 20:56 Asia/Dushanbe
  • Таътилии ниҳодҳои вобаста ба Гулен - хостаи Анкара аз Остона

Туркия хостори таътилии фаъолияти ниҳодҳои вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен дар Қазоқистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Nevzat Uyanik, сафири Туркия дар Остонаи Қазоқистон, рӯзи ҷумъа бо ишора ба кудатои нофарҷом дар кишвараш, гуфт, Анкара интизор дорад, ки Қазоқистон дар бораи таътилии созмонҳо ва ниҳодҳои марбӯт ба Гулен дар ин кишвар, тасмим ва иқдомоти муносибе иттихоз кунад.

Вай афзуд, «мо дар кишвари худ, таҳдидоти хатарнокро аз созмонҳои марбӯт ба Гулен мушоҳида кардем, бинобар ин ба кишварҳои ҳамсоя ва дӯсти худ дар бораи такрори ҳаводиси Туркия дар ин кишварҳо, ҳушдор медиҳем».

Дархости сафири Туркия аз Қазоқистон барои таътилии муассисоти вобаста ба Гулен дар ҳоле аст, ки ахиран вазири умури хориҷаи Туркия низ аз Қирғизистон хоста буд, фаъолияти ин ниҳодҳоро дар ин кишвар таътил кунад, ки ин дархост бо вокуниши Бишкек, рӯбарӯ шуд.