Имзои тафоҳумномаи таъаҳудоти Эрон дар Шанхай аз тарафи раиси Ҷумҳурии Қирғизистон
(last modified Mon, 05 Jun 2023 14:12:36 GMT )
Июн 05, 2023 19:12 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи таъаҳудоти Эрон дар Шанхай аз тарафи раиси Ҷумҳурии Қирғизистон
    Имзои тафоҳумномаи таъаҳудоти Эрон дар Шанхай аз тарафи раиси Ҷумҳурии Қирғизистон

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон тафоҳумномаи таъаҳудоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури касби вазъияти узвияти доим дар Созмони Ҳамкории Шанхайро имзо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон тафоҳумномаи таъаҳудоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури касби вазъияти узвият дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар 25 май соли 2023 тавассути парлумони Қирғизистон ба тасвиб расида буд.

Ин қонун ба манзури таҳаққуқи ташрифоти дохили лозим барои лозимулҷиро шудани тафоҳумномаи мунъақида байни кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва Эрон ба манзури касби вазъияти узвият дар ин созмон ба тасвиб расид.

Бар асоси ин тафоҳумнома Эрон мутаъаҳид мешавад аҳдоф ва усули маншури Созмони Ҳамкории Шанхай таърихи 7 июни соли 2002 мафоди муъоҳидаи ҳусни ҳамҷавори баландмуддат дусти ва ҳамкори кишварҳои узви ин созмон таърихи 16 августи соли 2007 ҳамчунин муъоҳидот ва асноди байналмилалӣ, ки дар чорчуби ин созмон ба тасвиб расидаро риъоят кунад.

Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2001 аз суи кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд сипас бо узвияти Ҳинд ва Покстон густариш ёфт.

Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ҳоли пайвастани расми ба ин созмон аст.