Июн 07, 2023 09:23 Asia/Dushanbe
  • Масоили ҳуқуқӣ ва қазоӣ меҳвари ройзании мақомоти Қирғизистону Тоҷикистон

Сафири Қирғизистон бо муовини Додситони кулли Тоҷикистон дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эрлан Абдилдаев,  сафири Қирғизистон бо Дилшод Талбакзода, муовини додситонии кулли Тоҷикистон дидор кард.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди мавзуоти ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар заминаи ҳифозат аз ҳуқуқу манофеи шаҳрвандони ин кишвар дар хоки Тоҷикистону имкони интиқоли шаҳрвандони қирғизистонии маҳкӯм дар ин кишвар ба ниҳодҳои ислоҳу тарбияти Қирғизистону соири мавзуоти мавриди алоқаи мутақобил баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Тарафайн тавофуқ карданд, ки таомулоти лозим байни сафорати Қирғизистон дар ин кишвар ва Додситонии кулли Тоҷикистон идома ёбад.

 

Барчасп