Июн 07, 2023 12:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Туркманистон дар намоишгоҳи байналмилалии маҳсӯлоти ғизоии Истанбул-2023

Иттиҳодияи санъатгарон ва корофаринони Туркманистон аз ҳузури ширкатҳои ин кишвар дар дар намоишгоҳи байналмилалии маҳсӯлоти ғизоии Истанбул-2023 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин намоишгоҳ, ки яке аз муътабартарин рӯйдодҳои солона дар заминаи маводи ғизоӣ аст, қарор аст дар 12 - 14 июл дар Истанбул бо мушорикати густардаи ширкатҳои даҳҳо кишвари ҷаҳон баргузор шавад.

Дар чорчӯби он дастовардҳо дар заминаи ғизо, нӯшиданӣ, ширинӣ, маводи аввалия ва бастабандии маводи ғизоӣ ва ҳамчунин таҷҳизоти фурӯшгоҳӣ ва тарроҳии фурӯшгоҳҳо ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

 

Барчасп