Ташдиди мубориза бо қочоқи маҳсӯлоти духонӣ дар Туркманистон
(last modified Thu, 08 Jun 2023 11:32:35 GMT )
Июн 08, 2023 16:32 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди мубориза бо қочоқи маҳсӯлоти духонӣ дар Туркманистон

Раиси ҷумҳӯри Туркманистони хостори ташдиди мубориза бо воридоти ғайриқонӯнии маҳсӯлоти духонӣ(кашиданӣ) ба ин кишвар шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сардор Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳӯри Туркманистон дар нишасти Шӯрои Амнияти ин кишвар хостори ташдиди мубориза бо воридоти ғайриқонӯнии маҳсӯлоти духонӣ( аҷзо ва таркиботи қалиён, сигорҳои электроникӣ ва ҳамчунин истеъмол ва тиҷорати ғайриқонӯнии онҳо шуд .Раиси ҷумҳӯри Туркманистон бо таъкид бар зарурати муборизаи оштинопазир бо воридоти ғайриқонӯнии анвоъи маҳсӯлоти духонӣ аз азми Ашқобод барои густариши манотиқи орӣ аз тамоку хабар дод.
Бердимуҳаммадов бардоштани гомҳои амалӣ ҷиҳати решакании одатҳои зарарнок ҳамчун масрафи сигорро муҳим арзёбӣ ва тасреҳ кард : Бояд иқдомоти ҳадафманд барои аз байн бурдани тиҷорати ғайриқонӯнии маҳсӯлоти духонӣ ва контроли дақиқ бар занҷираи таъмин анҷом шавад.