Дар Ашқобод машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд
(last modified Mon, 28 Oct 2024 07:46:24 GMT )
Октябр 28, 2024 12:46 Asia/Dushanbe
  • Дар Ашқобод машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд
    Дар Ашқобод машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд

Дар Ашқобод машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд.

Дар шаҳри Ашқобод дар сатҳи раҳбарони воҳидҳои сохтории Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба тарҳрезии сиёсати хориҷӣ, фаъолияти консулӣ ва масъалаҳои кадри машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд.

Ба гузориши сомонаи Хавар, бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар мулоқот масоили марбут ба фаъолияти таҳлили дар низоми сиёсати хориҷӣ, такмили ихтисос ва омодасозии мутахассисон дар бахшҳои хадамоти дипломатӣ ва ҳамчунин равобити консулӣ, ҳимоят аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванди дар кишварҳои хориҷӣ табодули назар карданд.