Июн 09, 2023 19:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои Қазоқистон бо Созмони Милал
    Ҳамкориҳои Қазоқистон бо Созмони Милал

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон бо шуморе аз намояндагони Созмони Милал дидор ва дар бораи равобити дуҷониба ва масоили минтақаӣй гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Қосим Ҷомарт Токаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон имрӯз дар шаҳри Остона бо Ормидо Олискобони, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дабири иҷрои комиссияи иқтисодиву иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва уқёнусия, Мирослав Ҷинчӣ, дастёри дабири кул дар умури сиёсӣ ва Ийоно Жиюкувич, дастёри дабири кулли Созмони Милал дидору гуфтугӯ кард.

Чашмандози тавсеаи ҳамкориҳои чандҷониба байни Қазоқистон ва ниҳодҳои Созмони Милал меҳвари гуфтугӯҳо дар ин дидор будааст.

 

Барчасп