Таҳкими ҳамкориҳо-меҳвари дидори вазирони гардишгарии Узбекистону Индонезия
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i103368-Таҳкими_ҳамкориҳо_меҳвари_дидори_вазирони_гардишгарии_Узбекистону_Индонезия
Дар дидори вазири фарҳангу варзиши Узбекистон бо вазири гардишгарӣ ва иқтисоди Индонезия дар шаҳри Тошканд бар афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар таъкид шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 10, 2023 13:17 Asia/Dushanbe
  • Таҳкими ҳамкориҳо-меҳвари дидори вазирони гардишгарии Узбекистону Индонезия

Дар дидори вазири фарҳангу варзиши Узбекистон бо вазири гардишгарӣ ва иқтисоди Индонезия дар шаҳри Тошканд бар афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар таъкид шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонзодбек Назарбеков-вазири фарҳангу варзиши Узбекистон ва Сандиага Салоҳиддин Оно-вазири гардишгарӣ ва иқтисоди Индонезия таҳкими беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷонибаи байни ду кишварро баррасӣ карданд .
Вазири фарҳангу варзиши Узбекистон дар канали телеграми худ навишт : Дар ин дидор дар бораи аҳамияти мероси ғании илмии бузургоне чун  Имом Бухорӣ ва Имом Мотуридӣ, ки дар тавсеаи дини ислом   саҳми беназирӣ доштанд, суҳбат кардем .
Вай афзуд : Мо ҳамчунин дар мавриди мавзӯъоте монанди афзоиши теъдоди парвозҳо байни ду кишвар ва даъват аз ширкатҳои ҳавопаймойии Индонезия ба Узбекистон табодули назар кардем .
Индонезия истиқлоли Узбекистонро дар 28 декабри  1991 ба расмият шинохт .