Оташсузи дар ҷангалҳои Қазоқистон бо 14 кушта
(last modified Sun, 11 Jun 2023 05:36:46 GMT )
Июн 11, 2023 10:36 Asia/Dushanbe

Оташсузи дар ҷангалҳои Қазоқистон то кунун 14 ҷонбохта барҷой гузошта аст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "Russia Today" минтақаи ҷангали сами дар иёлати Обоӣ воқеъ дар шарқи Қазоқистон дар 8 июн дучори ҳариқ шуд ва ба суръат дар замини ба вусъати беш аз 60 ҳазор гектар замин сироят кард.

Ин оташсузи бар асари бархурди соиқа ба минтақаи ҷангалии Қазоқистон руйдода ва тибқи ин гузориш беш аз 1000 оташнишон ба дунболи хомуш кардани он ҳастанд.

Талошҳо барои хомуш кардани низ бевақфа идома дорад ва то кунун 316 нафар ба далели оташсузи ба минтақаҳои амн тахлия шуда ва се коргари ҷангал ҳам ҷони худро аз даст дода ва фаъолиятҳои ҷустуҷу барои наҷоти 11 коргари дигар идома доранд.

Алихон Исмоилов нахуствазири Қазоқистон бо ташкили ҷаласаи изтирори дар ин робита дар иттилоъияи эълом кард, ки кишварҳои ҳамося барои кумак ба хомушкардани оташ неруҳои низомӣ ва тимҳои оташнишони ба минтақа эъзом карданд.

Қосим Жормат Тоқаев раиси Ҷумҳурии Қазоқистон низ бо барканории Юри Илйин вазири шароити изтирории ин кишвар сафари рузҳои 11 то 13 июн ба Ветнамро лағв кард ва хостори басиҷи кулияи манобеъи фанни ва инсонӣ барои пешгири аз рушди ин оташ шуд.