Июн 13, 2023 19:25 Asia/Dushanbe
  • Азми Кореяи Ҷанубӣ барои тақвияти равобит бо Туркманистон
    Азми Кореяи Ҷанубӣ барои тақвияти равобит бо Туркманистон

Сафири ҷадиди Кореяи Ҷанубӣ дар дидор бо раиси Ҷумҳурии Туркманистон бар алоқамандии кишвараш барои тақвияти равобит бар асоси усули эҳтироми мутақобил, эътимод ва ҳамкории созанда таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷи Кю Так сафири ҷадиди Коряи Ҷанубӣ зимни дидор бо Сардор Бердимуҳаммадов раиси Ҷумҳурии Туркманистон устуворномаи худро ба вай тақдим кард.

Дар ин дидор моҳияти пуёи мушорикати байнидавлати ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам дар чорчуби сохторҳои муътабари байналмилалӣ ба вижа Созмони Милали Муттаҳид мавриди таъкид қарор гирифт.

Изҳор шуд, ки шабоҳат ё наздикии мавозеъи тарафайн дар мавриди масоили ҳифзи сулҳи ҷаҳонӣ ва тазмини рушди пойдор ва низ дигар ҷанбаҳои мавзуъи дастури кори ҷаҳонӣ, мабонии ҳамоҳангии муассири таъомул дар арсаҳои байналмилалиро ифо мекунад.

Ду тараф аз тамосҳои созанда дар чорчуби маҷмаъи ҳамкори Осиёи Марказӣ-Кореяи Ҷанубӣ ба унвони намунаи аз як гуфтугуи мувафақ дар қолаби чанд ҷониба ном бурданд.

Барчасп