Ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл-меҳвари ройзании мақомоти Қирғизистону Покистон
Вазири ҳамлу нақл ва иртибототи Қирғизистон бо сафири Покистон дар ин кишвар дидор ва дар мавриди ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл гуфтугу кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Тилак Такибоев-вазири ҳамлу нақл ва иртибототи Қирғизистон бо Ҳасаналии Зигом-сафири Покистон дар ин кишвар дидор ва дар мавриди ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл гуфтугӯ кард .
Дар ин гуфтугу мувофиқатномаи чаҳорҷонибаи ҳамлу нақли маҳмӯлаҳои тронзитии байни давлатҳои Қирғизистон, Покистон, Қазоқистон ва Чин, ки дар таърихи 9 марти 1995 дар Исломобод имзо шуд, мавриди тавваҷуҳ қарор гирифт.
Зигом таъкид кард тамоми талоши худро барои тавсеаи бештари ҳамкории байни ду кишвар дар ҳамлу нақл ва соири заминаҳо ба кор хоҳад гирифт .
Вай хотирнишон кард, ки бандари Карочии Покистон наздиктарин бандар ба самти ин кишвар аст .
ӯ ҳамчунин гуфт : Тарафи покистонӣ дар ҳоли музокира бо тарафи чинӣ дар мавриди баҳрабардорӣ аз исти бозрасии « Хонзаҳроб »аст .
Исти бозрасии « Хонзаҳроб » дар марзи Чину Покистон аз соли 1982 фаъолият мекунад ва аз соли 1986 барои кишварҳои сеюм боз аст . Аз тариқи ин исти бозрасӣ колоҳои Қирғизистон метавонанд бо давр задани хоки Тоҷикистон вориди ин кишвар шаванд .