Эҷоди масири релии ҷадид байни Осиёи Марказӣ ва Русия
(last modified Sun, 18 Jun 2023 09:28:05 GMT )
Июн 18, 2023 14:28 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди масири релии ҷадид байни Осиёи Марказӣ ва Русия
    Эҷоди масири релии ҷадид байни Осиёи Марказӣ ва Русия

Дабири кулли шурои ҳамоҳанги байналмилалӣ ҳамлунақли фаро Авруосиё гуфт: Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли барномарези барои эҷоди як масири релии ҷадид ҳастанд.

Фарз бар ин аст, ки масири мавриди назар аз Туркманистон аз тариқи Эрон дар имтидоди каридури ҳамлунақли байналмилалии шимол ва ҷануб ба Халиҷи Форс мерасад.

Ҳаҷми тарадуди рели дар тули ин каридур дар сурати иҷрои атрҳ аз 17 миллион тонна ба 67 миллион тонна дар сол барои кишварҳои Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон афзоиш меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Гуноди Бусунов дабири кулли шурои ҳамоҳангии байналмилалии ҳамлунақли фаро Авруосиё бо эъломи ин хабар афзуд: Пас аз сохти қитаъи гумшудаи Рашт-Осторо ки роҳи оҳани Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба ҳам пайваст мекунад хати релии ғарб-шимол-ҷануб дар каридури мазкур қобилияти ҷо ба ҷоӣ 17 миллион тонна бор дар солро дорад.