Нақшаи роҳкорҳои Эрон ва Узбакистон дар саноати нефту газ тадвин шуд
Нақшаи роҳи ҳамкориҳои Эрон ва Узбакистон дар саноати нефт, газ ва петрушими ҳамзамон бо сафари раиси Ҷумҳурии Узбакистон ва ҳайати ҳамроҳ ба Теҳрон тадвин шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Узбакистон дар ҳузури Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шавкат Мирзиёев раиси Ҷумҳурии Узбакистон, ки рузи якшанбе 18 июн ба Теҳрон сафар карда буд баёнияи муштарак ва 10 санади ҳамкори шомили тавофуқномаи тиҷорати тарҷиҳи, ҳамлунақл ва транзит, ҳамкории доруӣ, барномаи ҳамкори дар заминаҳои стандарт ва бима, баррасии имконияти эҷоди манотиқи озоди муштарак, барномаи иҷроӣ ҳамкори дар бахши фановари ва навовари ва барномаи иҷрои ҳамкори дар бахши кишоварзӣ имзо карданд.