Эъломи омодагии Қазоқистон барои мизбонии нишасти Остона
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i104018-Эъломи_омодагии_Қазоқистон_барои_мизбонии_нишасти_Остона
Қазоқистон барои мизбонии нишасти Остона дар сӯрати мувофиқати ширкаткунандагон эъломи омодагӣ кард.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июн 24, 2023 17:23 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Қазоқистон барои мизбонии нишасти Остона

Қазоқистон барои мизбонии нишасти Остона дар сӯрати мувофиқати ширкаткунандагон эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, вазорати хориҷаи Қазоқистон натоиҷи бистумин нишасти байналмилалии «Остона» дар мавриди Сурияро баррасӣ ва рӯзи ҷумъа бо судӯри баёнияе эълом кард, агар ширкаткунандагон дар нишастҳои байналмилалии Остона дар бораи Сурия, мутафиқон хостори идомаи музокирот дар ин кишвар шаванд, ин кишвари омодаи мизбонии музокирот муҷаддад аст.

Ин баёния дар ташреҳи муҳтавои бистумин нишасти Остона бо ишора ба тамоюли мавҷӯд барои барқарории равобит байни кишварҳои арабӣ ва Димишқ бо таваҷҷуҳ ба тамдиди узвияти Сурия дар Иттиҳодияи Араб, хурӯҷи тадриҷии Сурия аз инзиворо нишонаи муваффақиятомез будани нишасти Остона талаққӣ кард.