Муҷаҳҳаз шудани артиши Қирғизистон ба чархболҳои ҷангии Русия
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i104024
Қирғизистон барои тақвияти падофанди ҳавоии неруҳои мусаллаҳи ин кишвар аз Русия чархболи «М- 17» харидорӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 24, 2023 18:25 Asia/Dushanbe
  • Муҷаҳҳаз шудани артиши Қирғизистон ба чархболҳои ҷангии Русия

Қирғизистон барои тақвияти падофанди ҳавоии неруҳои мусаллаҳи ин кишвар аз Русия чархболи «М- 17» харидорӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ин болгард дар чорчӯби қарордоде байни вазорати дифои Қирғизистон бо ширкати рӯсиии “Rosobronexport”-и Русия харидорӣ шудааст.

Дар маросими таҳвили ин болгард Бактибек Бекболотов, вазири дифои Қирғизистон, намояндагони ширкати саҳҳомии “Rosoboronexport”, корхонаи тавлиди болгарди «Казон» ва ҳамчунин фармондиҳӣ ва кормандони неруҳои падофанди ҳавоии неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон ҳузур доштанд.