Нишасти неруҳои мусаллаҳи ИДМ дар Узбакистон
(last modified Sun, 25 Jun 2023 05:19:56 GMT )
Июн 25, 2023 10:19 Asia/Dushanbe
  • Нишасти неруҳои мусаллаҳи ИДМ дар Узбакистон
    Нишасти неруҳои мусаллаҳи ИДМ дар Узбакистон

Чаҳордаҳумин нишасти кумитаи ҳамоҳанги ва пуштибонии муҳандисии вобаста ба шурои вазирони дифоъи кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс раёсати ин нишастро Юрий Ставицкий фармондеҳи муҳандисии неруҳои мусаллаҳи Русия баруҳда дошт.

Намояндагони неруҳои муҳандисии неруҳои мусаллаҳи Арманистон, Белорус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон ва ҳамчунин дабири шурои вазирони дифоъи кишварҳои узви ИДМ дар ин нишаст ҳузур доштанд.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст заминаҳои пуштибонии муҳандиси аз неруҳои мусаллаҳи миллӣ, минзудоӣ бо ангезаҳои башардустона ва омузиши неруҳои мусаллаҳ ва абъоди амалии ҳамкориҳои низомӣ барраси карданд.

Ҷумҳруии Озарбойҷон, Арманистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Малдава, Қирғизистон ва Русия узви ин ташакули минтақаӣ ҳастанд.