Мувофиқати Кобул бо транзити сухт аз Туркманистон ба Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i104066-Мувофиқати_Кобул_бо_транзити_сухт_аз_Туркманистон_ба_Покистон
Кумитаи миллӣ транзити Афғонистон бо тарҳи транзити газ ва маводи нефти аз Туркманистон ба Покистон аз тариқи хоки он кишвар мувофиқат кард.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Июн 25, 2023 14:41 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Кобул бо транзити сухт аз Туркманистон ба Покистон
    Мувофиқати Кобул бо транзити сухт аз Туркманистон ба Покистон

Кумитаи миллӣ транзити Афғонистон бо тарҳи транзити газ ва маводи нефти аз Туркманистон ба Покистон аз тариқи хоки он кишвар мувофиқат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳукумати Толибон рузи якшанбе дар баёнияи эълом кард, ки кумитаи миилӣ транзити Афғонистон бо тарҳи транзити газ ва маводи нефти аз Туркманистон ба Покистон аз тариқи хоки ин кишвар мувофиқат карда аст.

Бар асоси ин баёния ин тарҳ осонии қобили мулоҳизаеро барои транзити газ ва маводи нефти аз Осиёи Марказӣ ба ҷануби осиё фароҳам мекунад.

Тарҳи транзити газ ва маводи нефти аз Туркманистон ба Покистон аз масири Афғонистон қаблан аз суи кумитаи миллӣ транзит тайид шуда буд ва муовини иқтисодии кобинаи ҳукумати Толибон акнун онро барои як давраи омузиши тайид карда аст.

Кобинаи ҳукумати Толибон мегуяд, ки бо иҷроӣ шудани ин тарҳ сатҳи даромади миллӣ Афғонистон афзоиш ва бахши ҳамлунақл низ рушд хоҳад кард.