Ҳамкории Эрон ва Узбакистон барои барпоӣ урдуҳои муштараки варзиши
(last modified Mon, 26 Jun 2023 14:38:09 GMT )
Июн 26, 2023 19:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва Узбакистон барои барпоӣ урдуҳои муштараки варзиши
    Ҳамкории Эрон ва Узбакистон барои барпоӣ урдуҳои муштараки варзиши

Эрон ва Узбакистон барои барпоӣ урдуҳои муштараки варзиши ҳамкори мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Сайидҳамиди Саҷодӣ вазири варзиш ва умури ҷавонони Эрон рузи душанбе дар дидори Адҳам Акрамов вазири фарҳанг ва варзиши Узбакистон дар ҳошияи ҳафтумин иҷлоси вазирон ва мақомоти аршади варзиши кишварҳои узви созмони ЮНЕСКО дар Боку пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ишора ба иштирокоти Эрон ва Узбакистон дар бахшҳои мухталиф аз таъомули ду кишвар дар заминаҳои варзиши истиқбол кард.

Вазири варзиш ва ҷавонони Эрон бо ишора ба барномаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон барои рушди варзиши бонувон низ афзуд: Барномаҳои зиёди барои густариши варзиши бонувон дар Эрон анҷом шуд то занони эронӣ бо ҳифзи арзишҳои дини ва исломӣ тавонмандиҳои худро ба ҷаҳониён нишон диҳанд.

Адҳам Икромов низ гуфт: Эрон ва Узбакистон метавонанд дар қолаби ёдошти тафоҳумномаи муштараки равобит ва таъомулоти варзиширо густариши диҳанд.