Тафсир. Тавҷеҳи Толибон дар мавриди таваққуфи таҳсили духтарон + назари коршносон
Сухангӯи Толибон иллати таълиқи таҳсили духтарони болотар аз синфи шашум дар Афғонистон ва таътилии мадориси ононро ислоҳоти зарурӣ дар китобҳои дарсӣ донист.
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид гуфт, барномаи омӯзишии собиқ аз Ғарб омадаву тавассути ғарбиҳо таҳмил шудааст.
Агарчӣ ин суханони Муҷоҳид тавҷеҳи расмии Толибон дар мавриди таваққуфи таҳсили духтарони болотар аз синфи шашуми ибтидоӣ талаққӣ мешавад, аммо ба назар намерасад мавриди пазириши ҷомеаи Афғонистон ва ҳамчунин маҳофили байналмилалӣ қарор бигирад. Чаро ки ба ҳар ҳол кутуби дарсии давлати қабл низ дар як низоми омӯзшии давлатӣ тадрис мешуд ва ба назар намерасад ин гуна ки Толибон иддао мекунад, дар ин кутуб, ки ба ҳар ҳол дар ҷомеаи суннатии Афғонистон тадрис мешуд, масоили ҳассосиятбарангезу ғайридинӣ вуҷуд доштааст. Дар ғайри ин сурат уламову мардуми мусулмони Афғонистон ба муҳтавои кутуби дарсии духтарон муътариз мешуданд.
Мавлавӣи Муфлиҳ, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегуяд: «Қатъан ҳассосияти Толибон дар мавриди кутуби дарсии духтарон қобили тавваҷуҳ ва тааммул аст, ки баёнгари тавваҷуҳи онон ба тарбияти насли солим аз духтарони ҷомеаи Афғонистон аст, аммо ин суоли муҳим матраҳ аст, ки оё низоми омӯзишии Толибон наметавонист дар мақтаи замонии муносибе, масалан дар айёми таътилии мадорис дар тобистон иқдом ба бознависӣ ва ислоҳи кутуби дарсии духтарон намояд?»
Изҳороти сухангӯи Толибон мабнӣ бар ин ки мо нагуфтем, ки таҳсили духтарон мамнуъ аст ё ин ки иҷозаи таҳсил ба онҳо намедиҳем, балки ин таълиқ то амри сонӣ аст, ба ин маънӣ, ки ислоҳоте дар муҳтавои кутуби онҳо ба вуҷуд меояд, ба назар мерасад талоше барои костан аз фишорҳои байналмилалӣ бар Толибон, ба хусус пас аз нишасти ахири Шӯрои амнияти Созмони Милал аст, ки дар ин нишаст бар ин нукта таъкид шуд то замоне ки Толибон ҳуқуқи занонро риоят накунад, ҳокимияташ бар Афғонистон мавриди шиносоии байналмилалӣ қарор нахоҳад гирифт.
Ба назар мерасад ин мавзеи матраҳшуда дар Шӯрои амният талангуре ба Толибон аст, ки ба шиддат ба дунболи шиносоии ҳокимияташ дар Афғонистон аст. Агарчӣ пештар Толибон таваққуфи таҳсили духтаронро ношӣ аз масоили фиқҳии худ медонист, аммо дини Ислом низ на танҳо таҳсили духтаронро манъ накарда, балки бар рушду боландагии занон дар арсаҳои мухталифи илмиву иртиқои сатҳи хонавода таъкид дорад. Ба ҳамин далел ҳеҷ як аз уламои Ислом низ манъи духтарон аз таҳсил аз сӯи Толибонро таъйид накарданд.
Асадуллоҳи Зоирӣ, коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон дар ин бора мегуяд: «Дар асри ҳозир, ки асри пешрафт ва тавсеа аст, ҳатто ҷомеаи суннатии Афғонистон низ манъи таҳсили духтаронро намепазирад. Зеро ҷомеаи ин кишвар на танҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла пизишкӣ ба хадамоти занон ниёз дорад, балки занони босавод метавонанд дар тарбияти фарзандон бисёр муассир бошанду насли ояндаи Афғонистонро насле босаводу рӯ ба тавсеа тарбият кунанд».
Дар ҳар ҳол ин ки Муҷоҳид муддаӣ шуд, дар гузашта дар 30 дарсади манотиқи Афғонистон имкони дастрасӣ ба омӯзиш вуҷуд дошт, аммо акнун мадорис дар 100 дарсади манотиқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва рустоҳо тавсеа ёфтаву омӯзиш бештар шудааст, агарчӣ хабари хубе аст, ки аз эҳтимоми Толибон ба тавсеаи фазои омӯзишӣ дар Афғонистон ҳикоят дорад, аммо манъи таҳсили духтарон бо ҳар тавҷеҳе на танҳо мавриди таъйиди мардуми Афғонистон нест, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ онро намепазирад. Ба хусус он ки муддатзамони таваққуфи таҳсили духтарон бисёр зиёд шудааст.
Бар ин асос, чунончӣ Толибон қасди ислоҳи мутуни дарсии духтаронро дошт, мебоист то кунун онро анҷом медод то духтарон беш аз ин пушти дарҳои мадорис намонанд. Зеро духтарони афғонистонӣ ҳам дӯст доранд монанди ҳамнавъони худ дар саросари дунё дарс бихонанд. Ҳамон гуна ки гуфта мешавад, духтари бисёре аз мақомоти Толибон низ дар Қатару Покистон ба таҳсил машғул ҳастанд.