Июн 29, 2023 19:35 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши теъдоди хориҷиёни машғул ба кор дар Қазоқистон

Тибқи эъломи Вазорати кору ҳимояти иҷтимоии Қазоқистон дар муқоиса бо моҳҳои гузашта теъдоди хориҷиёни шоғил дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба таври қонӯнӣ дар Қазоқистон фаъолият мекунанд, дар моҳҳои ахир андаке коҳиш ёфта ба таврӣ ки то аввали июни соли ҷорӣ 14 ҳазору 286 хориҷӣ машғул ба кор буданд .
Бино бар гузориши Вазорати кору ҳимояти иҷтимоии Қазоқистон 537 муҷаввиз аз дастгоҳҳои иҷроии маҳаллӣ дар Қазоқистон барои машоғили мудириятӣ, 2713 муҷаввиз барои руасои воҳидҳои сохторӣ, 6458 барои мутахассисон ва 803 барои коргарони моҳир содир шудааст .





 

 

Барчасп