Толибон хостори ҳамкории Эрон барои омузиши асотиди Афғонистон
Раиси идораи омузиши Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Афғонистон ҳамкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар омузии асодити он кишварро хостор шуд.
Назар Муҳаммад Ирфон раиси идораи омузиши Вазорати омузиши олии ҳукумати Толибони Афғонистон дар сафар ба Теҳрон ва дидор бо масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Эрон хост то дар заминаи омузиши асодити ниҳодҳои тасҳили ва кормандони идороти Афғонистон ҳамкори кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ово, Вазорати омузиши олии ҳукумати Афғонистон дар баёнияи изҳор дошт дар ин сафар бо мақомоти марказии дипломосии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дидору гуфтугу карда аст.
Ирфон дар ин сафар таъкид карда аст заминаҳои пешрафт ва ҳамкори дар бахши таҳсилоти оли дар Афғонистон барои Эрон беш аз гузашта мусоидат шуда аст.