Июл 05, 2023 12:48 Asia/Dushanbe
  • Азми Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон барои сохти неругоҳи муштарак
    Азми Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон барои сохти неругоҳи муштарак

Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон қасд доранд як неругоҳи барқиобии муштарак бар руи сади Қанабарота бисозанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алмосодам Солкоев вазири энержии Қазоқистон гуфт иҷрои тарҳи бузурги Қанбарота ба таъмини энержии пок дар минтақа ва ҳифзи манобеъи оби кумак мекунад.

Дар ин тарҳ сади ба иртифоъи 256 метр бо махзани ба зарфияти 5.4 миллиард метри мукааб сохта хоҳад шуд интизор меравад неругоҳи ин сад солона 5.6 миллиард киловатсоат барқт тавлид кунад.

Ҳазинаи сохти ин неругоҳи барқи оби беш аз се миллиард доллар аст, ки Қазоқистон ва Узбакистон низ дар таъмини молии он ширкат хоҳанд кард.

Маҳали тарҳ дар минтақаи наздик ба марзи муштараки се кишвар интихоб шуда аст.

Даври баъдии нишастҳо бо ҳузури вазирони энержии се кишвар дар Тошканд баргузор хоҳад шуд.