Июл 10, 2023 16:54 Asia/Dushanbe
  • Боқи мондани Мирзиёев дар пусти раёсати Ҷумҳурии Узбакистон
    Боқи мондани Мирзиёев дар пусти раёсати Ҷумҳурии Узбакистон

Ситоди марказии интихоботи раёсати Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳур ва номзади ҳизми ҳокимро пирузи интихоботи раёсати ҷумҳури муаррифи кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Низом Хоҷаев раиси ситоди марказии интихоботи Узбакистон имруз душанбе эълом кард раиси ҷумҳурии кунунии Узбакистон бо касби 87.5 дарсад рай пирузи интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар шуд.

Низом Хоҷаев дар ҷамъи намояндагони расонаҳои дохили ва хориҷӣ зимни эъломи натоиҷи авалияи интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар теъдоди райи касбшуда тавассути Мирзиёевро 13 миллиону 625 ҳазору 55 рай эълом кард.

Ситоди марказии интихобот теъдоди воҷидини шароит барои ширкат дар ин райгириро 19 миллиону 595 ҳазору 838 нафар эълом карда буд.

Хоҷаев афзуд: Абдушакур Ҳамзаев аз ҳизби экалогии Узбакистон 3.74 дарсад муъодили 585 ҳазору 711 рай, Робохон Маҳмудова аз ҳизби сатсиялдемакрат 4.43 дарсад муъодили 693 ҳазору 634 рай ва Улуғбек Иноятов аз ҳизби демактарати халқии Узбакистон 4.2 дарсад муъодили 625 ҳазору 116 рай касб карданд.

Барчасп