Июл 15, 2023 18:06 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Ҷумҳурии Узбакистон бо раиси равобити хориҷии маҷлиси Туркия
    Дидори раиси Ҷумҳурии Узбакистон бо раиси равобити хориҷии маҷлиси Туркия

Раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар дидор бо раиси кумитаи равобитхориҷии маҷлиси Туркия бар идомаи ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Шавкат Мирзиёев раиси Ҷумҳурии Узбакистон ва Фавод Уктои раиси кумитаи равобити хориҷии маҷлиси Туркия имруз шанбе дар Тошканд рушди беш аз пеши равобити широкати роҳбурди ва ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи заминаҳоро барраси карданд.

Раиси Ҷумҳурии Узбакистон аз тавофуқоти эҷоди гуруҳҳои ҳамкори байни парлумони ва табйини нақшаи роҳ барои найл ба ин ҳадаф истиқбол кард.

Уктои пирузии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Узбакистонро табрик гуфт.

Раиси кумитаи равобити хориҷии Туркия бо Танзило Нобоева раиси сенати Узбакистон низ дидор кард.

Ду тараф равобити байнипарлумони ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, ҳамулнақл, энергетика ва фарҳангиро барраси карданд.

Барчасп