Сармоягузории 55 миллиондолларии Кореяи ҷанубӣ дар Узбекистон
Кореяи ҷанубӣ барои тавлиди барқ дар вилояти Тошканди Узбекистон муодили 55 миллион доллар сармоягузорӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ширкати « SEJIN G&Eи Co Ltd »и Кореяи ҷанубӣ дар вилояти Тошканд корҳои сохти муҷтамаъи тавлиди барқ аз тариқи истихроҷи газ аз маҳалли дафни партовҳои хонагӣ ва фароварии газ оғоз кардааст.
Намояндагони ширкати Кореяи ҷанубӣ бо ҳузур дар маҳал бо корҳои иҷрои тарҳи ёдшуда ошно шуданд.
Бар асоси ин гузориш масоҳати умумии майдони партовҳо 89 гектар буда дар як рӯз ба онҷо то 2000 тон партовҳо андохта мешавад . Дар соли 2019 милодӣ барои сохт ин муҷтамаъи як ҳектори замини ихтисос шудааст . Дар натиҷа бо ба баҳрабардорӣ расидани ин тарҳи 55 миллион долларии он солона 16 мегаватт барқ тавлид мекунад .
Кореяи ҷанубӣ то кунун барои ҳузур дар иқтисоди Узбекистон беш аз 10 миллиард доллар ихтисос додааст.
Кореяи ҷанубӣ истиқлоли Узбакистонро 30 декабри 1991 ба расмият шинохт .