Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни вузарои кори Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i105458-Имзои_тафоҳумномаи_ҳамкорӣ_байни_вузарои_кори_Қирғизистон_ва_Кореяи_Ҷанубӣ
Вузарои кори Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июл 26, 2023 11:07 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумнома байни Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ
    Имзои тафоҳумнома байни Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ

Вузарои кори Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Кудойберген Бозорбоев, вазири кор, таъмини иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон ва Ли Ҷунг Сик, вазири кори Кореяи Ҷанубӣ рӯзи сешанбе дар дидор бо якдигар дар Бишкек, табодули таҷрибиёт дар заминаи ғалаба бар фақр дар чорчӯби дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор ва диҷиталӣ шудани хадамот дар ҳавзаи иштиғолро баррасӣ карданд.

Бар асоси ин гузориш, ҳадаф аз имзои ин тафоҳумнома байни Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ афзоиши асарбахшии сиёсатҳои мавҷуд дар заминаи иштиғол, омӯзиш ва ҳимоят аз неруи кор аст.