Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни вузарои кори Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ
Июл 26, 2023 11:07 Asia/Dushanbe
Вузарои кори Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Кудойберген Бозорбоев, вазири кор, таъмини иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон ва Ли Ҷунг Сик, вазири кори Кореяи Ҷанубӣ рӯзи сешанбе дар дидор бо якдигар дар Бишкек, табодули таҷрибиёт дар заминаи ғалаба бар фақр дар чорчӯби дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор ва диҷиталӣ шудани хадамот дар ҳавзаи иштиғолро баррасӣ карданд.
Бар асоси ин гузориш, ҳадаф аз имзои ин тафоҳумнома байни Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ афзоиши асарбахшии сиёсатҳои мавҷуд дар заминаи иштиғол, омӯзиш ва ҳимоят аз неруи кор аст.
Барчасп