Ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар заминаи кишоварзӣ тавсеа меёбад
-
Ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон
Сафири Тоҷикистон дар Ишқобод бо муовини нахуствазири Туркманистон дар умури муҷтамаи кишту санъат дидор ва раванди чигунагии густариши равобити дуҷониба байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вафо Ниятбекзода, сафири Тоҷикистон дар Ишқобод бо Тенгриқули Отахолиев, муовини нахуствазири Туркманистон дар умури муҷтамаи кишту санъат дидор кард.
Ба гузориши “Форс”, маркази матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки тайи ин дидор ду тараф раванди густариши равобити дуҷониба байни кишварҳои якдигарро мусбат арзёбӣ карданд.
Мақомоти тоҷику туркман вазъияти кунунӣ ва фурсатҳо дар заминаи тавсеаи бештари ҳамкорӣ байни ду кишвар, аз ҷумла чашмандози густариши равобит дар чунин заминаҳое монанди тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, беҳдошт, санъат, илму омӯзишро баррасӣ карданд.
Бештар бихонед: