Июл 30, 2023 14:44 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Қирғизистон ва ширкатҳои чинӣ барои сохти неругоҳҳои оби
    Тавофуқи Қирғизистон ва ширкатҳои чинӣ барои сохти неругоҳҳои оби

Ширкатҳои чинӣ ва Вазорати энергетикаи Қирғизистон барои сохти неругоҳи барқии Козирмон тавофуқ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, бар асоси тавофуқ Қирғизистон бо тарафи чинӣ неругоҳҳои Козирмон ки қарор аст бо зарфияти кулли 1160 мегават руи рудхонаи Норин сохта шавад то соли 2030 қобили баҳрабардори хоҳад буд.

Ҳазинаи кулли сармоягузори ба сурати тақриби ҳудуди се миллиард доллари Амрико баровурд шуда аст. Амалиёти сохти ин неругоҳҳо аз аввали декабри соли 2024 оғоз хоҳад шуд.

Зарфияти бузургтарин неругоҳи барқи обии Қирғизистон Туктугул 1260 мегават аст ва Корезмон дар оғози баҳрабардори қудратмандтарин созаҳои ҳедроликии кишвар маҳсуб хоҳад шуд.

Барчасп