Энержии пок ; аслитарин заминаи ҳамкории Чин бо Осиёи марказӣ
Ҳамкории Чин бо кишварҳои Осиёи марказӣ дар 30 соли гузашта дар ҳоле атрофи меҳвари энержӣ буда, ки бо таваҷҷуҳ бо тағироти иқлимӣ, сиёсати ҳамкории Пекин аз меҳвари энержиҳои карбонӣ ба энержиҳои пок тағйир ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Чин ба кишвари пешрав дар истифода аз энержиҳои пок ва коҳиши олояндаҳои карбонӣ табдил шудааст ва дар соли гузашта миллиардҳо доллар дар сохти нерӯгоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ, ҳамлу нақли электронӣ ва батарияҳо сармоягузорӣ кардааст.
Чин бо авлавият додан ба арзаи бозори дохилии худ ба суръат ба бузургтарин сармоягузори хориҷӣ дар энержиҳои таҷдидпазир низ табдил шудааст.
Хабаргузории ИРНА, дар гузорише ба нақл аз шумораи рӯзи душанбеи рӯзномаи чинии Чайна дейлӣ навишт : 95 дарсади арзаи энержӣ дар Осиёи шарқӣ аз сӯхти фусилӣ ташкил шуда аст.Баъд аз тавофуқномаи тағироти иқлимии Порис ин кишварҳо барои ҳифзи системаи энержии худ то соли 2050 ниёз ба сармоягузории 1.41 триллион доллар доранд.
Ин расона чинӣ навишт : Чин ба унвони кишвари пешрав дар энержиҳои пок ширкатҳои чиниро ба сармоягузорӣ дар Осиёи марказӣ ташвиқ карда ва ҳамчунин дар нишасти сарони Чин ва кишварҳои Осиёи марказӣ дар моҳи майи 2023 бар равобиту ҳамкории амалии дуҷониба ва чандҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энержӣ ва илмӣ таъкид шудааст.