Иқтисоду энержӣ-меҳвари гуфтугуи мақомоти баландпояи Туркманистону Русия
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i105812
Вазири умӯри хориҷаи Туркманистон дар тамоси телефонӣ бо муовини нахуствазири Русия чашмандози тавсеаи равобит дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла омӯзиш, фарҳанг ва иқтисодро баррасӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 05, 2023 10:40 Asia/Dushanbe
  • Иқтисоду энержӣ-меҳвари гуфтугуи мақомоти баландпояи Туркманистону Русия

Вазири умӯри хориҷаи Туркманистон дар тамоси телефонӣ бо муовини нахуствазири Русия чашмандози тавсеаи равобит дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла омӯзиш, фарҳанг ва иқтисодро баррасӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рашид Муродов-муовини нахуствазир ва вазири умӯри хориҷаи Туркманистон дар тамоси телефонӣ бо Алексей Аверчук-муовини нахуствазири Русия перомуни мавзӯъоте аз ҷумла тавсеаи равобит дар заминаҳои мухталиф гуфтугӯ кард .
Муродов ва Аверчук, ки раёсати комиссиюнҳои байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Туркманистону Русияро бар ӯҳда доранд, масоили муҳими мушорикати дуҷонибаро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.