Август 05, 2023 19:52 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Туркманистону Узбекистон

Раиси Шӯрои муслеҳи халқи Туркманистон бо раисиҷумҳури Узбекистон дидор ва дар мавриди дурнамои густариши бештари равобити байни ду кишвар табодули назар карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Шӯрои муслеҳи халқи Туркманистон бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон, ки ба манзури ширкат дар нишасти сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистону Туркманистон вориди Ашқобод шуда, дидору гуфтугӯ кард.

Ду тараф дар хусӯси чашмандози густариши бештари равобити Туркманистону Узбекистон бо дар назар гирифтани зарфиятҳо ва авлавиятҳои бузурги тавсеаи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои ҳамсоя табодули назар карданд.

Ҳадаф аз баргузории иҷлоси Ашқобод, тавсеаи бештари ҳамкориҳои чандҷониба ва посухгӯи манофеи кишварҳои ширкаткунанда ва дар маҷмӯи кулли минтақа, эълом шудааст.

 

Барчасп