Эъломи омодагии Қазоқистон барои мизбонии музокироти сулҳи Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i10600-Эъломи_омодагии_Қазоқистон_барои_мизбонии_музокироти_сулҳи_Сурия
Раиси ҷумҳурии Қазоқистон аз омодагии ин кишвар барои мизбонии музокироти сулҳи Сурия хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 27, 2016 08:54 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Қазоқистон барои мизбонии музокироти сулҳи Сурия

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон аз омодагии ин кишвар барои мизбонии музокироти сулҳи Сурия хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар дидор бо Владимир Путин, ҳамтои русаш эълом кард, кишвараш омодагӣ дорад ҳама шароити лозимро барои мизбонии музокирот дар хусуси масоили Сурия ва ҳузури ҳама тарафҳои даргир дар он фароҳам кунад.

Назарбоев афзуд, дар мавриди пешниҳоди раиси ҷумҳурии Русия, мабнӣ бар баргузории музокироти сулҳи Сурия дар Остона бо Ҳасани Рӯҳонӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон тавофуқ карда ва ҳама шароит барои чунин музокирот фароҳам аст.