Дидори раиси порлумони Узбекистон бо раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо
(last modified Sat, 12 Aug 2023 06:11:34 GMT )
Август 12, 2023 11:11 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси порлумони Узбекистон бо раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо

Раиси маҷлиси Сенати Узбекистон бо раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, вазири умӯри хориҷаи Мақдунияи шимолӣ дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Танзила Норбоева-раиси маҷлиси Сенати Узбекистон дар шаҳри Тошканд бо Буёри Усмонӣ-раиси Ссозмони амнияту ҳамкории Аврупо, вазири умӯри хориҷаи Мақдунияи шимолӣ дидору гуфтугу кард.
Дар ин дидор масойили густариши беш аз пеши ҳамкориҳои чандҷониба байни Узбекистону Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар заминаҳое монанди равобити байнипорлумонӣ,баробарии ҷинсиятӣ, ҳуқуқи башар, ҳифозат аз муҳити зист ва тавсеаи пойдор мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Усмонӣ дар ин дидор омодагии худро барои ҳимоят аз фарояндҳои навсозии демократик ва ислоҳоти иҷтимоӣ - иқтисодӣ дар Узбекистон ва кумак барои густариши ҳамкориҳо иброз кард .
Раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, вазири умӯри хориҷаи Мақдунияи шимолӣ ҳамчунин бо Бахтиёр Саидов-вазири умӯри хориҷаи Узбекистон низ дидору масойили тавсеаи беш аз пеши равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд .
Узбекистон аз соли 1992 милодӣ узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо аст.