Нишасти мақомоти аршади Узбакистон ва Русия
Муовини нахуствазир ва вазири саноат ва тиҷорати Русия дар мавриди роҳи густариши ҳамкориҳои бозаргонӣ бо муовини нахуствазири Узбакистон гуфтугу карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Денис Мантуров муовини нахуствазир ва вазири саноат ва тиҷорати Русия ва Ҷамшед Хоҷаев муовини нахуствазири Узбакистон роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии байни ду кишварро барраси карданд.
Рушди ҳамкориҳо байни Узбакистон ва Русия дар заминаи саноати сабук, худравсози ва мошинҳои рейли аз дигар мавзуъоти матраҳшуда дар ин дидор буд.
Мантуров зимни таъкид бар аҳамияти паркҳои саноати эҷоди ин фазои саноати тавассути Русия дар Узабкистонро самарабахш хонд.
Дар поёни ин нишаст Мантуров ҳамтои узбакистонии худро ба ҳузур дар намоишгоҳи байналмилалии Русия даъват кард.
Баргузории ин намоишгоҳ барои моҳи ноябри соли ҷорӣ барномарези шуда аст.