Декабр 27, 2016 16:06 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати расмии Ӯзбакистон ба Душанбе

Ҳайате аз мақомоти Ӯзбакистон ба сарпарастии муовини нахуствазири ин кишвар ба Тоҷикистон сафар кард.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, ин ҳайати сиёсии расмӣ, ки субҳи имрӯз вориди Душанбе шуд, қарор аст дар иҷлоси камиссиюни байнидавлатии ду кишвар ширкат кунад.

Давлаталӣ Саидов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ва Рустам Азимов, муовини нахуствазири Ӯзбакистон раисони камиссиюнҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбакистон дар ин иҷлос ҳастанд.

Дар ин иҷлоси дурӯза масоили марбут ба афзоиши мубодилоти маҳсулоти санъатӣ, таомули ду кишвар дар заминаи ҳамлу нақлу иртиботот, хадамоти гумрукӣ, таомулоти фарҳангиву густариши заминаҳо барои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешавад.

Мавзӯи содасозии дарёфти раводид миёни ду кишвар аз дигар меҳварҳои гуфтугӯ миёни мақомоти Тоҷикистони Узбакистон хоҳад буд.

Душанбеу Тошканд пас аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии собиқи Ӯзбакистон ва рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев шоҳиди даври тозае аз равобити дуҷониба ҳастанд.

 

Барчасп