Август 21, 2023 19:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории дуҷониба; меҳвари ройзании мақомоти Қазоқистону Узбекистон

Вазири хориҷаи Қазоқистон дар як сафари расмӣ ба Тошканд, бо раисиҷумҳури Узбекистон дидор ва дар мавриди ҳамкории дуҷониба гуфтугу кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Мурат Нуртлеу, вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар дидор бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон саломи Қосим Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистонро ба вай иблоғ карду тарафайн, тақвияти бештари равобити дӯстӣ, мушорикати стротежӣ ва иттиҳоди ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раисиҷумҳури Узбекистон ба сатҳи болои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тамосҳои мусмири самар дар сатҳи порлумонҳо, давлатҳо, идороти минтақаӣ, умумӣ ва тиҷории ду кишвар ишора кард ва гуфт, Камиссиюни муштараки байни давлатӣ ва гуруҳи корӣ ба таври муассир амал мекунанд.

Ҳамчунин раисиҷумҳури Узбекистон ва вазири хориҷаи Қазоқистон дар ин дидор ба ташдиди бештари тамосҳои сиёсӣ, иттихози тадобир барои тасреъи пружаҳо дар бахшҳои стротежии иқтисодӣ ва ҳамчунин тақвияти ҳусни ҳамҷаворӣ таваҷҷуҳи вижа доштанд.

 

Барчасп