Байден бо раҳбарони Осиёи марказӣ дидор мекунад
Ин иҷлос бо ҳузури сарони кишварҳои Осиёи марказӣ ба мизбонии Ҷо Байден, раиси ҷумҳӯри Амрико баргузор мешавад .
Дар 18 август маҷаллаи " Форбс " номаи Байден ба Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳӯри Узбекистонро мунташир кард . Байден дар ин нома Мирзиёевро ба аввалин иҷлос дар қолаби « Осиёи марказӣ - Амрико » ( C5 + 1 ) даъват кард . Ин иҷлос дар ҷараёни маҷмаъи умумии Созмони миллали муттаҳид дар поёни сентябри соли ҷорӣ дар Нию-Йорк баргузор хоҳад шуд . Дар номаи Байден омадааст : Ман муштоқона мунтазири нишасти баъдии маҷмаъи умумии Созмони миллал ҳастам; ҷое ки мо дар мавриди масоили муҳими зиндагии мардуми худ гуфтугӯ хоҳем кард . Умедворам Шумо ба ман ва ҳамкорони мо ва раҳбарони дигар дар нишасти расмии " C5 + 1 " бипайвандед.