Узбекистон мизбони нишасти байналмилалии амнияти ғизоӣ
(last modified Thu, 31 Aug 2023 13:09:15 GMT )
Август 31, 2023 18:09 Asia/Dushanbe
  • Узбекистон мизбони нишасти байналмилалии амнияти ғизоӣ

Нишасти байналмилалии амнияти ғизоӣ дар шаҳри Самарқанд бо ҳузури намояндагони 30 кишвар баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин нишаст ба мизбонии Узбекистон 7 то 8 сентябр бо ҳадафи барномарезӣ ҷиҳати ба сифр расондани гуруснагӣ дар дунё, ифтитоҳи коридорҳои фаврӣ барои арзаи маҳсӯлоти байни кишварҳо ва мавориди дигар дар дастури кор қарор дорад.
Ин рӯйдод бо ҳузури вазирони дипломатҳои беш аз 30 кишвар ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, муассисоти молӣ ва илмӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, созмони амният,Бонки тавсеаи Осиё ва ғайра баргузор мешавад.
Дар ин конфаронс Узбекистон дастовардҳои ислоҳи бахши кишоварзиро ироа хоҳад кард ва ба таҷрибаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои эҷоди интиқоли донишу роҳи ҳалҳои навоварона рӯй хоҳад овард.
Беш аз 50 ширкат аз Олмон, Италия, Маҷористон, Ҷумҳурии Корея, Полша, Озарбойҷон, Қазоқистон дар ин ҳамоиш ширкат хоҳанд кард.