Раиси ҷумҳӯри Узбекистон 286 маҳкумро афв кард
(last modified Sat, 02 Sep 2023 05:52:48 GMT )
Сентябр 02, 2023 10:52 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳӯри Узбекистон 286 маҳкумро афв кард

Раиси ҷумҳӯри Узбекистон дар остонаи рӯзи Истиқлоли ин кишвар 289 зиндониро афв кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонавкат Мирзиёев дар остонаи ҷашни миллии сию дуюмин солгарди эъломи Истиқлоли ин кишвар фармоне « дар мавриди афви гуруҳе аз афроде, ки дар ҳоли гузарондани даврони маҳкӯмият ҳастанд, ки самимона аз кирдори худ пушаймон шуда ва бо қотеъият дар масири ислоҳ қадам гузоштаанд »-ро имзо кард.
Бар асоси Қонуни асосии Узбекистон 286 зиндонӣ мавриди афв қарор гирифтанду самимона аз амали худ пушаймон шуданд ва ҳозир ба беҳбудӣ шуданд .
Аз ҷумлаи афвшудагон 109 нафар аз иҷрои ҳукми аввалия ба таври комил, 116 нафар аз иҷрои ҳукми таълиқӣ озод шуданд ва ҳукми содира барои 25 нафар бо ҳукми хафифтарӣ ҷойгузин шуд . Илова бар ин муҷозоти зиндон барои 36 нафар коҳиш ёфт .
Дар миёни афв​​шудагон 39 зан, 22 марди болои 60 сол,30 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ ва 3 нафар, ки дар фаъолиятҳои созмонҳои мамнӯъа ширкат доштанд, дида мешавад.