Сентябр 09, 2023 10:25 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири нави Зеляндияи нав бо муовини вазири хориҷаи Туркманистон

Сафири нави Зеляндияи нав бо муовини вазири хориҷаи Туркманистон дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сара Мари Валаш-сафири нави Зеляндияи нав дар Туркманистон ( мустақар дар Маскав ) рӯнавишти устуворномаи худро ба Меҳрӣ Башимова-муовини вазири умӯри хориҷаи ин кишвар тақдим кард .
Муовини вазири хориҷаи Туркманистони зимни табрики интисоби Сара Мари Валаш ба унвони сафири нави Зеляндияи нав дар кишвараш ، омодагии тарафи туркманӣ барои ироаи кумаку ҳимоят дар анҷоми маъмурияти дипломатӣ ба вайро иброз кард .
Дар ин дидор дастури кори феълии ҳамкории дуҷониба баррасӣ ва дар мавриди ташдиди таъомул дар заминаҳои мухталифи мавриди алоқаи ду тараф табодули назар шуд.
Ду тараф бо ҳадафи густариши равобити байнидавлатӣ ҳамчунин мавзӯъоти марбут ба эҷоди гуруҳи дӯстии байнипорлумонӣ дар порлумонҳои Туркманистон ва Зеляндияи нав ва ҳамчунин сафарҳои мутақобили намояндагони порлумонҳои ду кишварро баррасӣ карданд.
 

 

Барчасп