Сентябр 10, 2023 10:11 Asia/Dushanbe
  • Самарқанд мизбони нишасти байналмилалии амнияти ғизоӣ
    Самарқанд мизбони нишасти байналмилалии амнияти ғизоӣ

Нишасти байналмилалии амнияти ғизоӣ тавассути давлати Узбакистон бо ҳамкории фаннии ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ Созмони Милали Муттаҳид ба мизбонии Самарқанд баргузор шуд.

Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид аз созмонҳои байналмилалии аст, ки дар заминаи рушди кишоварзӣ фаъолият дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс нишасти байналмиллалии амнияти ғизоӣ тавассути давлати Узбакистон бо ҳамкории фании  ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ Созмони Милал ба мизбонии Самарқанд баргузор шуд.

Дар ин нишаст вазирони кишоварзии 15 кишвар, муовинони вазирони 8 кишвар, дипломатҳои баландмартабаи 13 кишвар ва намояндагони беш аз 30 кишвар ва ниҳодҳои дороӣ ширкат доштанд.

Шавкат Мирзиёев дар паёми худ изҳор дошт: Маълум аст, ки амнияти ғизоӣ, таъмини пойдори он, мубориза бо гуруснагӣ ва фақр имруз низ ҳамчунон фавқулода мубрам аст.

Барчасп