Сентябр 12, 2023 13:00 Asia/Dushanbe
  • Аломатгузории марзҳо меҳвари нишасти давраии Узбекистону Туркманистон

Нишасти давраии коргурӯҳи Комиссиюни муштараки аломатгузории марзҳои муштараки Узбекистону Туркманистон баргузор шуд.

Узбекистон бо Туркманистон 1621 километр марз муштарак дорад.
Ба гузориши рӯзи сешанбеи хабаргузории Форс, дар ин нишасти давраии гуруҳи корӣ, ки дар шаҳри Нуқуси Узбекистон баргузор шуд, тарафҳо омодагӣ ба нишасти муштараки Комиссиюни байнидавлатии таъйину аломатгузории марзҳои давлатии Узбекистону Туркманистонро баррасӣ карданд.
Ин нишаст дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор шудааст ва дар поёни ин нишаст протоколи марбута ба имзо расид.    

 

 

Барчасп