Сентябр 15, 2023 21:03 Asia/Dushanbe
  • Дидори дастёри раиси ҷумҳурии Узбакистон ва сафири Русия
    Дидори дастёри раиси ҷумҳурии Узбакистон ва сафири Русия

Дастёри раиси ҷумҳурии Узбакистон ва сафири Русия роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои мутақобили ду кишварро баррасӣ карданд.

Саида Мирзиёева, дастёри раиси ҷумҳурии Узбакистон ва Олег Малгинов, сафири Русия дар Узбакистон дар чорчӯби дидоре дар шаҳри Тошканд чигунагӣ ва чашмандози ҳамкориҳои мутақобил байни ду кишвар дар заминаҳои омӯзишӣ, фарҳангӣ, беҳдоштӣ ва сиёсати ҷавононро баррасӣ карданд.

Саида Мирзиёева изҳор дошт: Имрӯз мо бо Олег Малгинов, сафири Русия дар Узбакистон дидор доштем. Дар ин дидор чигунагӣ ва ҳамчунин чашмандози ҳамкориҳои мутақобил байни ду кишвар дар заминаҳои омӯзишӣ, илмӣ, фарҳангӣ, беҳдоштӣ ва сиёсати ҷавононро баррасӣ кардем.

Арзиши мубодилоти бозаргонии Русия ва Узбакистон соли гузашта 8 миллиарду 500 миллион доллар буд.

 

Барчасп