Сентябр 15, 2023 21:09 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон
    Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон

Равобити байнипорлумонии Тоҷикистон ва Туркманистон тавсеа меёбад.

Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи умури байналмилал, анҷуманҳои умумӣ ва иттилоърасонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон бо Бегмурод Муҳаммадов, раиси Кумитаи равобити байналмилал ва байнипорлумонии Маҷлиси Туркманистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор таъкид шуд, ки гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва порлумони Туркманистон фаъол ҳастанд, ки барои тавсеаи равобити байнипорлумонии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ҳадаф аз ташкили ин гуруҳҳо эҷоди шароити муносиб барои тавсеаи равобити байнипорлумонии ду кишвар унвон шудааст.