Сентябр 17, 2023 17:44 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Узбекистон бар таъсири авзои Афғонистон бар амнияту суботи Осиёи Марказӣ

Раисиҷумҳури Узбекистон гуфт, авзои Афғонистон ҳамчунон ба унвони яке аз авомили калидӣ аст, ки бар амнияту суботи Осиёи Марказӣ таъсири мустақим дорад.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Тошканд, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон гуфт, кишвараш қасд дорад дар оянда низ ба мардуми Афғонистон кумакҳои лозимро ироа диҳад ва бо ин аҳдофи маркази байналмилалӣ дар шаҳри Тирмизро барои кумакҳои башардӯстона бисозад ва ҳамчунин ба омӯзиши шаҳрвандони афғон дар маркази омӯзишии махсӯс идома диҳад.

Мирзиёев бар аҳамияти гуфтугу бо тарафи афғон дар мавриди амнияти марзҳо, баҳрабардорӣ аз манобеи об ва тавсеаи тиҷорат таъкид карду афзуд, ҳамзамон бо пешбурди тарҳи сохти хати рейлии Трансафғон, бозсозии хутути ҳамлу нақли дохилии Афғонистон низ муҳим аст.